АНДЕША. Ҳар як фард аз хурдӣ зери тарбияи омӯзгор ба воя мерасад. Суханон ва таълими додаи омӯзгор дар зиндагӣ ҳар рӯзу ҳар лаҳза ба кор меояд. Як сухани омӯзонидаи омӯзгорро мо дар садҳо ҳолат такрор мекунем. Омӯзгор шахсиятест, ки дар тӯли фаъолияти кориаш ҳазорҳо насли наврасро ба роҳи рост ҳидоят ва ба ӯ илмро меомӯзонад.
Баъзан нафарон ҳамагӣ се ё чор фарзанд доранд, ки онҳоро наметавонанд тарбия намуд. Омӯзгор бошад, танҳо дар як дарс беш аз 24 нафар наврасону ҷавононро таълим медиҳад. Рисолати омӯзгор бешак бузург аст. Дар ҷомеа ҳама назди омӯзгораш сарашро хам намуда, “Салом устод” мегӯяд. Баъди гузашти солҳо устодон шумораи шогирдони тарбиянамудаашонро намедонанду шояд ҳатто нашиносанд. Аммо бо аҳволпурсии шогирдон устодон пай мебаранд, ки аз умри гузаштаи онҳо самараи зиёде боқӣ мондааст.
Омӯзгор роҳнамо, тарбиятгар, шахсе, ки ҳама пастиву баландии ҳаётро ба мо меомӯзонаду моро ҳамчун инсони комил омода менамояд. Аҳсан ба руҳу равони омӯзгор, ки ҳамаи он нозукиҳои шогирдонро мебардораду ба онҳо таълим медиҳад.
Шоир дуруст қайд намудааст, ки :
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд....
Мо танҳо зери азобу машқати устодон тамоми паҳлуҳои илмро аз худ менамоему сад дарро ба рӯямон боз мекунем. Танҳо зери дастури омӯзгор мо ба мартабаҳои баланд соҳиб мегардем. Панду насиҳатҳои таълимдодаи омӯзгор ҳамеша дар гӯши мо садо медиҳад. Онҳо доимо суханҳои шоирони бузургро ба такрор мегуфтанд: “Эй писар гӯш кун, ки ман гуфтам, бедор шав ки ман хуфтам.....
Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ