Ҷ.БАЛХӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Президенти ман-ифтихори ман!” миёни хонандагони синфҳои болоии МТМУ№47 баргузор гардид.
Масъулини ҳизбӣ мақсади ташкил ва баргузории чунин озмунҳоро дар бедор намудани ҳисси меҳанпарастию ватандустӣ, хештаншиносӣ ва баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон маънидод карда, иброз доштанд, ки корнамоиҳо ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмолмалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу амният ва дастгирии ҷавонон ҳадду канор надорад. Дар охир ба ғолибони озмуни иншои беҳтарин бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ сарфароз гардонида шуда, аз ҷониби масъулин ба ҷавонон таъкид гардид, ки фаъолнокию донишандӯзии худро ҷавобан ба ғамхорию дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат бештар намуда, баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ ва хоки муқадасси кишвар, сулҳу субот зиракии худро аз даст надода, саҳми худро барои пешравии ҷомеа гузоранд.