АНДЕША. Яке аз чорабиниҳои бошукуҳ, ки имрӯзҳо дар саросари кишварамон баргузор шуда истодааст, Рӯзи Президент мебошад.
16-ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардида, кишвари соҳибистиқлоламон ин ҷашни фархундаро бо шукуҳу шаҳомати махсус истиқбол намуда, аз Роҳбари давлати худ – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор мекунанд.
Аз рӯзе, ки ин абармарди сиёсат қадамҳои нахустини худро дар роҳи бунёди давлати демократӣ гузошт, Иҷлосияи тақдирсози ХV1-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16-уми ноябри соли 1992 баргузор шуд, дар сарнавишти миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Ин Иҷлосия ба бахти мардуми тоҷик шахсиятеро вориди арсаи сиёсат намуд, ки ояндаи Тоҷикистон сахт ба ӯ вобастагӣ дошт.
Дар ин иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гашт. Мардуми тоҷик аз рӯзҳои дар арсаи сиёсат қадам ниҳодани ин шахсияти бузург дарк намуд, ки соҳиби Роҳбари ҳақиқии худ гардид, зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки пеш аз ҳама ба мардум сулҳ оварад, мамлакатро орому осоишта кунад ва аз вартаи нобудӣ наҷот диҳад. Мо ҳеҷ гоҳ он рӯзҳои сахту вазнинро, ки чӣ қадар азобу кулфатро паси сар намудем, фаромӯш нахоҳем кард ва сано мехонем ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тавонист кишварамонро ба як давлати пешрафтаву шинохтанашаванда табдил дода тавонист.
Ватанамон Тоҷикистон имрӯзҳо маҳз бо шарофати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як давлати демокративу ҳуқукбунёд ва дунявӣ табдил ёфта, обрӯву нуфузи он дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле афзудааст. Бо роҳнамоӣ, дастгирӣ, ташаббус ва ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат кишварамон ободу зебо гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум баланд шуда истодааст.
Бояд қайд намуд, ки хидматҳои Сарвари давлат дар ваҳдатофарӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, амалишавии ормонҳои миллӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди устувори иқтисодӣ беназиру бесобиқа мебошад. Ин аст, ки кишвари мо бо дастуру супориш ва ҳидоятҳои ҳадафмандонаву ватандӯстонаи Сарвари давалатамон ободу зебо гардидааст.
Мо имрӯз ифтихорманду сарбаланд ҳастем, ки дар арсаи ҷаҳонӣ Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун шахсияти намоёни сиёсӣ, бунёдгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои асри 21 эътироф менамоянд.
Мо ҳизбиёни ноҳияи Кӯшониён бо ифтихори баланди ватандӯстона Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол менамоем ва боварӣ дорем, ки кишвари мо бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “БА ПЕШ” - ба ояндаи дурахшон равон аст.
Неъматуллоева Сабоҳат, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён