ХУРОСОН. Дар деҳаи Ганҷинаи ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон Азим оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, дар самти шаҳру тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самти мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин, ки аз 12 майи соли 2018 бармеояд, инчунин оид ба сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияҳои Данғара ва Темурмалик ки рӯзи 2 июни соли равон бармеояд, суханронӣ намуд.
Дар охир дар деҳа ташкилоти ибтидоӣ ҳизбӣ бо номи «Ганҷина» таъсис дода шуда, Акаҷонов Сафарбек раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуд.