БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МО ИФТИХОРИ МОСТ!

АНДЕША. Таҷлили санаҳои таърихӣ ба ин ё он воқеа, рӯйдод, омили таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоие алоқаманд буда, ба шинохти арзишҳои миллӣ вусъат мебахшад.

Дар радифи ҷашнҳои миллӣ ворид шудани Рӯзи Президент зарурати таърихӣ ва тақозои замони муосир буда, на танҳо маънои эҳтиром ва бузургдошти нақши як шахсияти барҷаста, ки тамоми ҳаёти худро дар роҳи ободии кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум сарф намудааст, балки нишонаи шинохт ва гиромидошти арзишҳои миллии халқи куҳанбунёди тоҷик аст.

Таҷлили ин рӯз на танҳо эҳтиром ба шахсияти Президент ва эътирофи корномаҳои ӯ, балки ба вуҷуд овардани фазо ва имконот ҷиҳати тарбияи маънавию сиёсии мардум, хосса насли ҷавон аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз бунёдгузорони давлати тозаистиқлоли миллии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ, техникию саноатикунонии кишвар аз фаъолияти гуногунҷабҳааш ибтидо мегирад.

Ба ҳамагон  аён аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки давлати аз байн рафтаи тоҷиконро аз нав ташкил кунад, аркони давлатдориро устувор гардонад, мардуми ғарибгаштаро ба Ватан баргардонад, душманшудагонро бо ҳам оштӣ намояд ва мардумро ба ҳаёти осоишта дилгарм созад.

Пешвои миллат дар ҳамон шароит натанҳо кишварро аз вартаи нобудӣ наҷот дод, балки мақому нақши ҷаҳонии кишварро тақвият бахшида, дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ҷаҳиши стратегиро ба вуҷуд овард.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан омили муттаҳидсозии тамоми тоҷикон аст. Имрӯз як навъ рамзи эҳтироми мо тоҷикон, ба раванди сулҳофарӣ ва кӯшишу талошҳои Сарвари давлат мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ рамзи сулҳ мебошанд. Ин марди сиёсатмадор ҳанӯз дар Иҷлосияи тақдирсози ХV1-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда буданд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва оила барқарор намудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Мо ҳар рӯзу ҳар лаҳза ғамхориҳои беназири Пешвои муаззами миллатамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо чашми хеш дидаю дарк мекунем. Ба ивази чунин ғамхориҳо арзи сипосу шукргузорӣ мекунем.

Хизматҳои бузурги Пешвои миллат дар бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ, кушодани нақбҳо, ғанӣ гардонидани ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия ва тандурустӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Дар баробари ин, Президенти мамлакат ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо пешниҳоду ташаббусҳои байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мақоми хоса дошта, ин маҳбубият на танҳо сабаби боварию эътимоди мардуми Тоҷикистон, балки ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.

Нишони аслии эътиқоду самимияти мо пайравӣ намудан ба тамоми амалу корнамоиҳои бузургу шоистаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Мо вазифадорем, ки Рӯзи Президентро бо меҳнати фидокорона ба Ватани маҳбубамон, бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ ва самимияту эҳтироми хоса ҷашн бигирем.

Шомалангова Миҷгона, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён                          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg