ЛЕВАКАНТ. Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии саноатӣ кимиё”-и шаҳри Левакант 25 июни соли 1964 ҳамчун Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 40 ташкил шуда, соли 2006 ба Литсейи касбии саноатӣ кимиё табдил дода шудааст.
Солҳои пеш Омӯзишгоҳ дар тамоми ҷумҳуриҳои Осиëи Миëна ва Иттиҳоди Шӯравӣ ягона муассисае ба ҳисоб мерафт, ки мутахассисони варзидаи соҳаи истеҳсолии маводи кимëвиро омода менамуд.
Дар як муддати начандон тӯлонӣ шурӯъ аз даромадгоҳи муассиса то се бинои таълимии дуошëна, як бинои дуошëнаи маҷлисгоҳ ва толори варзишӣ ободу зебо гардонида шуд.
Давоми 57 сол дар муассиса 14 ҳазору 484 нафар таҳсил намуда, соҳиби дипломи соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ шудаанд. Дар доираи корҳои ободонӣ дар Литсейи касбии саноатӣ кимиёи шаҳри Левакант осорхона таъсис дода шудааст, ки таърихи таъсисëбии литсейи мазкур, таҳсилу фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, синфхонаи даврони таҳсил дар литсейи мазкур, китобхона ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро дар бар мегирад.
Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1969-1971 дар ин муассиса дар гурӯҳи рақами 10 бо ихтисоси “Челонгари барқии асбобҳои андозагирӣ-санҷишӣ ва автоматика” таҳсил карда, онро бомуваффақият хатм намудаанд.
Айни замон шумораи толибилмони ин даргоҳи илму маърифат 278 нафарро ташкил намуда, 44 нафар омӯзгор аз рӯи 10 ихтисос ба донишҷӯëн таълим медиҳанд.