БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ - БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Имрӯзҳо халқи тоҷик бо ифтихор ва сарбаландӣ 27 солгарди бахтномаи хеш, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд. Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 27 солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад. Давлати мустақил давлатеро меноманд, ки дорои рамзҳои давлатӣ, сарҳад, артиш мебошад. Дар баробари ҳамаи ин ҳар як давлат қонуни асосӣ дорад, ки дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонаш сабт шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам китобе ҳаст, ки мо онро «Қонуни бахт», «Бахтнома» мегӯем, зеро дар ин китоб, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дорад, тамоми қонуниятҳои зиндагонии сокинони кишвар сабт шудааст. Бояд ҳар як сокини ҷумҳурӣ Сарқонунро эҳтиром карда, дар доираи арзишҳои он кору фаъолият намояд. Ҳеҷ як шаҳрванд наметавонад бидуни қонунҳои сарқонун амал намояд ва аз доираи он берун барояд. Дар моддаи 5 Кониститутсия чунин омадааст :- “ Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд.

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд” . Миллати тоҷик бахтномаи хешро ба тариқи раъйпурсӣ қабул намуда, онро ҳамчун муқаддасоти миллӣ пос медоранд ва аз рӯйи қонунҳои он амал намуда, дорои зиндагии шоиста мебошанд.

Давлатова Мавлуда, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар н. Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg