АНДЕША. Гузашти таърихи миллати мо борҳо нишон додааст, ки халқи тоҷикро хатари парокандашавию нобудӣ дар пайроҳаҳои зиндагӣ, доим домангир буд. Аммо дар ҳамон марҳилаҳои ҳассосу ҷонгудози миллатамон бо хиради баланду хислати созандаи хеш ва бо фарзандони далеру шуҷои худ дифоъ намоянд. Дар айёми даргириҳо дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин Анҷумани таърихӣ хушбахтона ақли закию хиради воло ғалаба намуд, ки фарзанди баруманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Ба қавли устоди равоншод Лоиқ Шералӣ «Раҳми Парвардигори мо омад», ки чунин шахсият дар он солҳои пурдаҳшат сарварии миллату давлати моро ба уҳда гирифт. Пас аз ин маҷрои давлатдории тоҷикон роҳи навро пеш гирифт, ки ин роҳ роҳи ҳаёти дурахшон, роҳи саодат, роҳи адолат, роҳи созандагӣ, роҳи ваҳдат ва роҳи худшиносию меҳанпарастӣ буд. Пешвои миллат ҳанӯз аз рӯзҳои нахустин бо суҳбатҳою мулоқотҳояш бо мардум онҳоро аз дилшикастагию озурдахотирӣ, яъне аз торикию зулумот ба нуру созандагӣ ҳидоят менамуд. Мулоқотҳои Сарвари давлат аз он солҳо як умеде ё як шӯълае аз ояндаи нек дар замири мардум ба вуҷуд меовард. Ҳамзамон дар аввалин муроҷиатномаи худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар гуфта бад, ки «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам». Дар як вақти кӯтоҳи таърихӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ осоре ҳам намонда, фазои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон комилан тағйир ёфта, тамоми шаҳрвандони кишвар озодӣ, Истиқлол ва хушбахтии комил ба даст оварданд. Пешвои миллат ба ин ҳама муваффақияту пешравиҳо ба кор бурдани тамоми хислатҳои неки миллати тоҷик аз қабили меҳнатдӯстӣ, қавииродагӣ, инсондӯстӣ, хайрхоҳӣ, бунёдкорӣ, кумак ва дастгирии ятиму муҳтоҷон ва барҷомондагон ноил гардидааст. Имрӯз мо ҳама шукр аз неъматҳои Истиқлолияти давлатӣ менамоем ва фахр мекунем, ки чунин Пешвои мушфиқу ғамхор дорем.
Халқи тоҷикро Пешво,
Бо ваъдаҳояш шод кард.
Дар марз-марзи қалбашон
Гулбоғҳо эҷод кард.
Абдувализода Шукрона, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар н.Панҷ