АНДЕША. Мо ҳамагон медонем, ки соҳибистиқлолии кишвари азизи мо, ки онро Тоҷикистон ном аст, ба осонӣ ба даст наомадааст. Шаҳрвандоне, ки вазъияти солҳои 90-умро дидаанд, ҳар як пораи нони ба замин афтидаро рӯи даст гирифта, ба дидаҳои хеш мемоланд. Зеро азобу машаққати он вақтро гуфтан ҳам мушкил аст. Зеро ҳар як нафар дар ин замони мудҳиш чизеро аз даст додааст. Мо ҳазорон бор шукронаи неъмати бебаҳои соҳибистиқлолӣ мекунем. Шукрона мекунем, ки дар тамоми шаҳру навоҳии кишвари азизи мо корҳои созандагӣ бо маром ҷараён дорад. Ҳар як дастоварде, ки мо мебинему мешунавем аз он хушнуд гардида, садҳо маротиба шукрона мегӯем. Мо вазифадорем, ки ба наслҳои имрӯза фаҳмонем, ки ин сарвати бебаҳоро нигоҳ ва ҳифз кунанд. Кӯшиш менамоям, ки насли наврас аз хурдӣ меҳри Ватанро дар дилаш ҷой кунад. Зеро дар шароити имрӯза ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ мақсади ғаразнок дошта, дар ҳар як давлат ба воситаи мағзшӯии ҷавонон амалҳои нопоки худро амалӣ месозанд. Насли наврас аз хурдӣ бояд донад, ки сарзаминаш барояш арзиштарин ва муқаддас мебошад. Ҳифзи Ватан, хизмат барои Ватанро ҳар як насли наврас вазифаи аввалини хеш шуморад.
Мо бояд ба ҷавонон фаҳмонем, ки чунин дастовард ба мардуми Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадаасту дар он даҳҳо ҳазор нафар қурбонӣ гардидаанд, ки насли оянда дар осмони софу беғубори соҳибистиқлолӣ зист намоянд. Ин ҳама дастовардҳо аз заҳмату талошҳои шабонарӯзии пеш аз ҳама Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик муяссар гардидааст. Ҷавобан ба ин ғамхориҳои фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри неъматҳои бебаҳои ин кишвар бирасем ва баҳри ободӣ, сарсабзӣ, гулгулшукуфоии он сидқан талош намуда, саҳми арзандаи хешро гузорем.
Ишмуродов Ҳ., мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон