Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади пешгирӣ ва паҳншавии мавҷи нави бемории коронавирус корҳои фаҳмондадиҳиро дар маҳаллаҳо ва деҳаҳои ҳудуди ноҳия ҳамарӯза бо маром идома дода истодаанд.
Вобаста ба сироятёбӣ ва хатару оқибатҳои бемории коронавирус масъулини Кумитаи иҷроия дар ҳамкорӣ бо ихтиёриён дар маркази ноҳия бо усули “хона ба хона” бо сокинон суҳбатҳо гузаронида, онҳоро барои пешгирии сироятёбӣ аз коронавирус таъкид намуданд, ки омили асосии пешгирӣ аз ин беморӣ безараргардонии ҷойи кор ва макони зист бо маҳлули кимёвии хлор, риояи қоидаҳои бехатарии беҳдошт, мунтазам шустани дастон бо собун ва ё маҳлулҳои спиртдор, истифодаи ниқоб ва риояи фосила ба шумор меравад.
Ҳамчунин дар ин рӯз ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус дастрас карда шуд.