БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАНБАИ ИЛҲОМ ВА ҚУТБНАМОИ ҶОМЕАИ НАВИНИ ТОҶИКОН

АНДЕША. Мо  мардуми  вилояти  Хатлон,  аз  ҷумла  сокинони  ноҳияи  Носири  Хусрав  хушбахт  аз  он  ҳасстем,  ки  дар   қатори кулли   шаҳрвандони  Тоҷикистон  соҳиби  сарвати  бузурге  ҳастем, ки  он Истиқлолияти  миллӣ ва  дар  маҷмӯъ маҳбубияти меъмори  он Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ- Пешвои  миллат, Президенти  Ҷмҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон мебошем.

Бо  шарофати  ҳамин  сарвати  бузург, аз  ҷумла бемайлон ва  тадриҷан амалӣ  гардидани  сиёсати  хирадмандонаи  Президенти  Тоҷикистон, Раиси муаззами   ҲХДТ имрӯз вилояти  Хатлон ба  яке  аз  вилоятҳои  таъминкунандаи  самтҳои  асосиву стратегии  рушди  мамлакат: амнияти  энергетикӣ ва  озуқавориву аз  бумбасти  коммуникатсионӣ баровардани  он  табдил ёфтааст. Дастовардҳои  сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва  фарҳангии  даврони  соҳибистиқлол таҳти  Сарварии  Президенти  хирадманди  Тоҷикистон, Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ -Пешвои  миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  бар  мегиранд.     Эътирофи падидаи Пешвои миллат на танҳо ба хотири қадршиносии хидматҳои ашхосест, ки дар як давраи таърихии миллате, кишваре   нақши сарнавиштсоз   доштанд ё доранд, низ  ба ин хотиримон аст, ки он омили таҳдидсозанда ва  пешбаранда  мебошад.   Шояд Пешвоён чун Эмомалӣ Раҳмон зарурат ба  чунин  эътироф  надоранд.  Аммо миллатҳо, кишварҳо дар шароити бархурди шадиди тамаддунҳо, манфиатҳо, ҷаҳонишавӣ зарурат ба пешвоёни  расман  эътирофгашта доранд.  

Баъди  ҳазорсолаҳо  Президенти  Тоҷикистон, Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ- Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон аввалин Сарвари   миллат  ҳастанд, ки  дарсҳои  нахустини   худшиносии миллӣ ва  ватандӯстиву ватанпарастиро дар  суханрониву китобҳои  арзишманди  худ  аз ҷумла: «  Аз  Ориёи  то Сомониён», «Тоҷикон  дар оинаи  таърих», « Дин  ва  ҷомеа»,  « Мавлоно  ва    тамаддуни  инсонӣ», «Забон ҳастии  миллат» ба  ҳамватанону оламиён пешниҳод  карданд.

Ба  хотири  сарҷамъиву  ваҳдати  миллат  нахустин шиорҳои  пур  аз  меҳр ба  Ватан-Тоҷикистони  азиз аз  забони   Сарвари  миллат садо  доданд, ки «  Мо  як  Ватан дорем, ки  номаш  Тоҷикистон мебошад!» ва  ё  « Тоҷикистони  озоду соҳибистиқлол-Ватани  маҳбуби ҳамаи  мо!» аз  ҷумлаи  онҳост.

Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон бо  як  дилсӯзии  ба  худ  хос ва  меҳру  муҳаббати  беандоза ба  Ватан дар  бораи  аҳамияти  забони  давлатӣ- тоҷикӣ, ки  омили асосии  ҳастии  миллат  мебошад, барои  рушду  нумуи  ин  забони  қуръониву  биҳиштӣ, ки  дили  ду  дунёро  гирифтааст, пайваста  кӯшиш  ба  харҷ  медиҳад.   

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон тӯли фаъолияташ на танҳо истиқлолияти сиёсии давлат, балки истиқлолияти фитрии миллатро низ эҳё кард, ки ин дастоварди муҳим мебошад. Ба мушкилии замон нигоҳ накарда, ӯ тавонист сулҳ ва ваҳдати миллиро бартараф созад, халқи парокандаро сарҷамъ кунад. Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақилу соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати худро пайдо кард.     Мо мардуми Тоҷикистон роҳи паймудаи Эмомалӣ Раҳмон ва хидматҳояшро барои таърихи кишвар, аз ҷумла мардуми ноҳияи Носири Хусрав хуб дарк мекунем. Вакте, ки ба дастовардҳои даврони истиқлолият баҳо доданӣ мешавем, саҳм ва кумаки Сарвари давлат беш аз пеш ба назар намоён мегардад.

Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон воқеъияти таърихист. Ояндаи устувори давлатдории миллӣ ва ваҳдату сарҷамъии миллат аз сиёсати пешгирифтаи ӯ бармеояд.

Наҷот додани давлати тоҷикон аз фалокати нобудшавӣ яке аз рисолати таърихии Президенти мамалакат буд ва ҳамин басанда аст, ки мардум ӯро Пешвои миллати худ хонанд. Ҳанӯз ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта аз хотираҳо фаромӯш нашудааст. Ин ҷанги таҳмилӣ ба мардум ва кишвар ҳисороти зиёд овард. Танҳо иҷлосияи ХY1 таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ин бенизомӣ, парокандагӣ, ҷанги шаҳрвандӣ  хотима гузошт. Хушбахтона, Сарвари давлат касе интихоб шуд, ки дили пок, нияти нек, садоқат ба миллат дошт. Ӯ замоне Роҳбари мамлакат интихоб шуд, ки Тоҷикистон дар оташи ҷанг месӯхт. Танҳо ҷасорат ва иродаи қавии ин марди Худод имкон дод, ки бо тамоми неруҳои сиёсӣ гуфтушунид карда, шӯълаи ҷангро хомӯш кард. Хидмате, ки ба шарофати он Истиқлолияти Тоҷикистон устувор ва амнияти мардуми кишвар таъмин шудааст. Ҳоҷат ба таъкид нест, ки барқарор намудани равобит бо кишврҳои дуру наздик бар пояи манфиати миллату кишвар аз самтҳои афзалиятноки ҳар давлат ба шумор меравад. Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои корсозиҳои худ дар мақоми Раёсати олии кишвар ин қаринаро дар муносибати кишвар бо давлатҳои хориҷӣ бо воқеаҳое аҳсан ба роҳ мондааст.      

Коршиносон ва донишмандон равобити ҳасанаи Тоҷикистонро бо соири кишварҳо, ки воқеан ба кишвари мо ғараз надоранд ва хостори равобити солим ҳастанд, аз ҷумлаи муваф­фақият­ҳои ӯ медонанд. Баъзе мунтақобон равобити Тоҷикистонро бо   баъзе       кишварҳои ҳамҷавор  мехоҳанд дар чаҳорчубаи бо равобити солҳои Шӯравӣ бубинанд. Аммо Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли ин масъала роҳи дуруст ва мутобиқ ба манфиатҳои миллати тоҷиконро интихоб кард, ки ин мавқеъ пешгири мутавозин, устувор ва одилона  муъҷиби  эъти­моди донишман­дон, ватанпарастон ва саранҷом мардуми кишвар гардида, нақши ӯро ба унвони Пешвои миллт хеле барҷаста кардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахустини  ба сари қудрат омаданаш изҳор карда буд, ки:

 «Кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем.» Барномарезиҳои оқилонаи Президент дар густариши фазои демократӣ, ки бо қолабшиканиҳои ҷасурона дар низоми иҷтимоиву сиёсӣ ҷараён мегирифт ва ҳамвора такмил мепазируфт, паёмади суботи беназир дар иродати сиёсӣ, нерӯи азими маънавӣ, тамкин ва таҳамул бар асоси адлу хирад буданд, ки гардиши айём ҳақиқаташро ба субот расонид.

Дарёфти тавозуну таносуб дар ҳама самтҳои фаъолияти сиёсӣ бо ҳусни таваҷҷуҳ ва ормонҳои мардум, адолати иҷтимоиро дар бунёди низоми нави давлатдорӣ устувор намуд, ки аз заминаҳои бисёр муҳими пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол буд. Даст ёфтан ба ҳифзи тамомияти арз ва меъёри тавозун дар манфиатҳои иҷтимоӣ тавассути таҳияи роҳи сиёсие муяссар мешавад, ки тамоили пешрафти сиёсати ҷаҳон ва ниёзҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаро дар назар дошта бошад. Эҷоди созиш ва эътимоди тарафҳои даргир дар ҷанги дохилӣ ба зуд,     барқарор шудани  сулҳу субот имкон фароҳам овард, ки   дар муддати кӯтоҳ силсилаи чорабиниҳои   муассири сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд сомон дода шавад.

Асл ва асоси пирӯзиҳои таърихии Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои олии миллӣ ва барномарезиҳои дақиқи созандаи ӯст, ки бо нерӯи иродати бузург  дар сатҳи сиёсати давлат иҷрои эҳёи иқтидори маънавии тоҷикон ҳама заминаҳоро муҳайё сохт. Ҳамин сиёсати қавианосир буд, ки ҷомеаро аз бӯҳрони амиқи сиёсӣ берун овард, бо татбиқи ислоҳоти конститутсионӣ ва поягузориву такмили ҳокимияти давлатӣ дар саросари кишвар низоми собит ва фазои мусоидро устувор намуд, ки он сарчашмаи ҳамаи бунёдкориҳо, тараққиёт сарсабзиҳои кишвари мост.

Дарки  эътироф  намудани  хизматҳои  арзандаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ –Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  барои  халқу  Ватан ва  дастгирӣ  ёфтани  сиёсати  дохиливу  хориҷии кишвар дар  таъмини  пойдории давлату фарҳанги  миллиамон равона  гаштаанд,  барои  ҳар  як тоҷику  тоҷикистонӣ далели  дарку  эҳтироми  адолатпарвар ва  қарзи шаҳрвандиву инсонии  ҳар яки мо  мебошад. 

Вазифаи муҳими  ҳар  як  фарди  ҷомеа,  ҳар як  тоҷику  тоҷикистонӣ  хурду  бузурги  мамалакат дар ин  давраи  ҳассосу  мураккаб аз  он  иборат  бошад, ки  саъю  кӯшиши  худро  дар  навбати  аввал ба  хотири  хифзи  сулҳу  оромӣ , суботи  сиёсӣ ва  ваҳдати  миллӣ  дар  кишвари  азизамон  сафарбар  созем, бештар  заҳмат  кашида, ба  ҳадафҳои  стратегии  миллиамон  ноил  гардем. Диёрамонро  ва  тамоми  гӯшаҳои  дурдастарини  он  боз  ҳам  ободу  зебо  гардонем, сатҳу  сифати  зиндагиамонро  аз  имрӯз  дида   баланд  бардорем.

Ализода  С. Ҷ., раиси  КИ  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg