БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИЛИТСИЯ - ҲОМИИ МАРДУМ

АНДЕША. Ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 10-ноябр, Рӯзи милитсияи тоҷик қайд карда мешавад. Воқеан ҳам милитсияи тоҷик дар барқарорсозии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазои худро гузоштааст.  Дар ин роҳ баъзе аз фарзандони фарзонаи Ватан, ҷони худро фидо кардаанд, то ки ояндаи кишвар ва ояндаи фарзандону ҷавонони ин Ватан шукуфон бошад. Айни замон милитсияи мо милитсияи ғамхори халқ ва аз ҷиҳати касбӣ пешрафта буда, ҳимоятгари халқ ва марзу буми кишвар мебошад. Милитсияи тоҷик дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳайати милитсияи шӯравӣ фаъолият намуда, то замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун милитсияи шӯравӣ муаррифӣ карда мешуд. Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун милитсияи тоҷик фаъолият намуда, дар барқарор кардани сохти конститутсионии мамлакат, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва моликияту дороии онҳо хизмати арзанда намудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки милитсияи тоҷик аз нахустин рӯзҳои таъсисёбиаш роҳҳои душвору мураккабро тай намуда, аз тамоми санҷишҳои таърихӣ, аз уҳдаи иҷрои он вазифаҳое, ки дар наздаш вогузор гардида буд, сарбаландона баромадааст. Шурӯъ аз соли 2012, бо пешниҳоди Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он 10-уми ноябр, Рӯзи милитсияи тоҷик эълон гардид. Минбаъд аз соли 2012 то инҷониб ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-ноябр Рӯзи милитсияи тоҷик бо шукӯҳу шаҳомат дар саросари мамлакат қайд карда мешавад.

Зоиров С., муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg