БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ҶАВОНМАРДИСТ!

АНДЕША. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки  дар Ватани биҳиштосои мо сулҳу ваҳдат саросарӣ  пойдор асту ҳар  шаҳрванди кишвар озодона умр ба сар бурда истодааст. Мебояд бо ифтихор гуфт, ки имрӯз кишвари азизи мо бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як давлати соҳибихтиёру соҳибтамаддун дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Барои нигоҳ доштани ваҳдату сулҳу осоиштагии  кишвари азизамон  ҳар яки моро зарур аст, ки саҳмгузор бошем. Дар масоили давлатсозиву давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ набояд ба умеди касеву чизе шуд, зеро аз лиҳози маънавию сиёсӣ касе бештар аз худи миллати тоҷик манфиатдор нест, ки хонаи умеди мо – Тоҷикистонро обод кунад ва бузургтарин манфиати миллӣ-истиқлолияти давлатиамонро ҳифз намояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои муаззами миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳояшон бо ҷавонон пайваста таъкид менамоянд, ки “Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ, ба хизмати Ватан- Модар  доим омода бошанд”. Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бонангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Ҷавонони моро мебояд бо як эҳсоси баланди ватандорӣ ба хизмати Ватан омода бошанд. Ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан бояд омода кард. Дар мактабҳои миёна зарурати хизмати ҳарбиро амиқу дақиқ бояд омӯзонд. Ҳар ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷаи худ донад. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.

Мутаассифона имрӯзҳо дар байни аҳолии мамлакат ёфт мешаванд нафароне, ки нисбат ба хизмати ҷавонон дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ақидаҳои гуногун доранд. Баъдтар аз ин баъзе аз волидайн дар даъватҳои мавсимӣ фарзандонашонро аз хизмат ба Ватан-Модар мегурезонанд, ки ин худ як ноадолатист барои ҳар ҷавонмарди худогоҳ, инчунин шармандагӣ барои он нафаронест, ки аз хизмат ба Ватан саркашӣ мекунанд, ҷавонмарде, ки имрӯз аз хизмат ба Ватани худ саркашӣ мекунад магар метавонад. Модари худро ҳимоя кунад? Оё метавонад дар хизмати Модари худ бошад?! Ҳаргиз не... ҳол он ки  Модар, Ватан ин ду калимаест, ки аз якеаш инсон ба вуҷуд меояд, аз дигараш таъмину субот, оромишу адолат, тартибу низом баҳри фароҳам овардани ҳаёти инсон ва оромиши ӯ ба вуҷуд меояд.

Пӯшида нест, ки имрӯз дар баъзе аз давлатҳо ҷанг, амалҳои террористӣ ва ифротгароӣ рафта истодааст, мисоле, ки метавон овард ин давлати ба мо ҳамсоя Афғонистон аст. Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ метавонем бинем, ки мардуми ин кишвар дар кадом ҳол қарор доранд, амалҳои террористӣ, гуруснагии шадид, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фурӯши одам ва садҳо мисоли дигар, ки метавонад барои мо мояи шукргузорӣ аз давлати осудаамон бошад, ки ҳимояаш имрӯз бар уҳдаи ҳар яки мост. 

Ҳар яки мо бояд шукрона кунем, ки дар чунин давлати орому осуда умр ба сар бурда истодаем. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз шароити қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд қарор доранд ва пайваста тариқи ВАО аз шароиту рӯзгори сарбозон барномаҳо намоиш дода мешавад. Пас, мебояд аз ақидаҳои беасос худдорӣ намуда, дар замири наврасон ва ҷавонон ҳисси баланди  меҳанпарастӣ ва хештаншиносиро тарбия намоем. Дар ин самт тарбияи оила, мактаб ва ҷомеа нақши муҳим мебозанд. Бояд гуфт, ки ҳифзи марзу буми Ватан на он борест, ки ба дӯши дигарон гузорем. Ин масъулиятест, ки аз ҳар яки мо соҳибватанон, хоса ҷавонони бонангу номус тақозо мекунад. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: "Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд хисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд". Ба хизмати Модар-Ватан омода будан, ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри пойдории сулҳу субот дар кишвари маҳбубамон мебошад. Пас ҷавонони бонангу номуси моро мебояд, зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надода баҳри ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, Тоҷикистон доимо омода бошаду дар Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо дасту дили гарм ва бо сари баланд хизмат намоянд.

Лола Сулаймонова, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg