БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ҲИФЗУ ДИФО АЗ ВАТАН ҲАМА МАСЪУЛЕМ!

ҚУБОДИЁН. Дар ҷамоатҳои деҳоти Тахти Сангин ва Навободи ноҳияи Қубодиён  бо иштироки Ализода Аҳмадҷон раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Ғуломов Меҳроҷ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, ҳамзамон роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Набизода Эмомалӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрав, Шарифзода Маҳмадаюб раиси Кумитаи иҷроия ноҳиявии ҳизб ва Ҷалилов Ваҳоб роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авнгард”-и ноҳияи Қубодиён вобаста ба вазъи имрӯзаи сиёсию иқтисодии Афғонистон суҳбату вохӯриҳо гузаронда шуд.

Аъзои гурӯҳи корӣ дар мулоқотҳо бо сокинон  оид ба вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии давлати исломии Афғонистон фикру мулоҳизаҳои худро баён дошта, афзуданд, ки ҳифзу дифои марзу буми меҳан ва дар қалби ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ вазифаи мо шахсони  масъул мебошад. Аз ин рӯ мебояд ҳар як сокини ноҳияи наздисарҳадӣ сарҳадбон бошад ва баҳри ҳифзи сулҳу суботи кишвар масъулияти дучанд эҳсос намояд ва бо шукргузорӣ аз фазои  тинҷу ороми Ватан кору фаъолият кунад.

Сипас, дар навбати худ иштирокчиёни вохӯрӣ садоқату ҳамдилии хешро ба сиёсати хирадмандонаю оқилонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастовардҳои даврони истиқлолият изҳор намуда, қайд карданд, ки баҳри тинҷию амонии кишвари азиз неру, дониш ва таҷрибаи андухтаи худро ҳаргиз дареғ намедоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg