БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНРО ДАР РОҲИ ВАТАНДӮСТӢ ТАРБИЯ БОЯД КАРД!

ДӮСТӢ.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати шаҳраки "20-солагӣ" ҷамъомад дар мавзӯи тарбияи ватандӯстии ҷавонон баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур раиси ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ, мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия, имомхатиб ва раисони кумитаҳои маҳаллаи ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур  иштирок доштанд.

Дар ҷамъомад раиси ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ Р. Абдуллоев вобаста ба ҷалби ихтиёрии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи дурусти насли наврас,  иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, татбиқи аксияҳои ҳизбӣ, пешгирии  амалҳои коррупсионӣ, бемориҳои сироятб суханронӣ намуда, аз ҷамъомадагон даъват ба амал овард, ки имрӯз мо мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиндагии босаодат  расидем ва моро зарур аст бо истифода аз фазои сулҳу суботи кишвар барои боз ҳам ободу зеботар гардидани Ватани азизамон талош варзем.

Инчунин,  дигарон низ  дар мавзӯҳои мубрами рӯз  баромад карда, вобаста ба тарғибу ташвиқи ҷавонон дар роҳи ватандӯстӣ андешаҳои худро баён доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg