БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРМОЯИ БУЗУРГ АҚЛУ АДАБ АСТ, НА АСЛУ НАСАБ

АНДЕША. Бале, шахсони боадаб ҳамеша хислатҳои ҳамидаи инсониро доро мебошанд. Шахси соҳиби ақлу адаб саховатманду хайрхоҳ, дурандешу ҳимматбаланд мешавад. Адаб ин бахту саодат, давлати ноёб, роҳнамоӣ зиндагӣ ва шодиву фараҳ мебошад. Абдураҳмони Ҷомӣ барҳақ гуфтаанд, ки:

Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст,

Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ арзон аст.

Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасад,

Зеро, ки адаб тоҷи сари мардон аст.

Адаб инъикоси зоҳирии ақл аст. Ақлe, ки бо адаб зебо гардонида намешавад, ба монанди қаҳрамони бесилоҳ аст. Дар зиндагии рӯзмарраи мо агар мушоҳида карда бошед, дар бозор ҳаҷми ягон чиз аз меъёр зиёд шавад, арзон мегардад, вале баръакс агар адаб зиёд шавад, қиматаш афзун мегардад. Агар мо соҳиби илму дониш, вазифаву мансаб бошему адаб надошта бошем дар байни мардум ҳеҷ обрӯву эътибор ва қадре надорем.

Вақтҳои охир дар кӯчаву хиёбонҳо бисёр ҷавононро мебинем, ки аз одобу ахлоқ дур мебошанд. Рафтору кирдор ва гуфтори онҳо аз чаҳорчӯбаи одоб берун аст. Вақте кирдори зишти ҷавонеро дар кӯчаву хиёбон ва ё дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ дидаву бепарво мегузарем, вақте кӯдаки мо нафари дигареро дашному ҳақорат медиҳаду мо инро нодида мегирем, вақте бузургтаре аз худ заифтарро таҳқир мекунаду паст мезанад  хомӯш меистем, ҳеҷ гоҳ пешрафту тараққӣ намекунем. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки намунаи ибрати чунин ҷавонон бошем. Бепарвоӣ зоҳир накарда, саҳми худро дар тарбияи дурусти наврасону ҷавонони боақлу боадаб  гузорем.

Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg