БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ РАМЗИ МУҚАДДАСИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ АСТ

Маънавиёт ва ҳолати руҳии ҷомеа омили муҳимтарини таъмини амнияти худи ҷомеа аст.

                                                                                              С. Ятимов

АНДЕША. Рушди маънавиёти миллат ва пойдориву шукуфоии давлати мо дар тӯли се даҳсолаи охири даврони истиқлолият хеле вусъат ёфт. Ҳоло дар зеҳну шуури мардуми мо арзишҳои миллӣ ҷойи хосаро ишғол кардаанд. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ мо имкон пайдо кардем, ки бо таърихи миллати куҳанбунёди худ беҳтару хубтар ошно шавем, решаҳои тамаддуни гузаштаи худро ҷустуҷӯ карда, онҳоро барои таҳкими ватандӯстиву худшиносӣ, ифтихори миллии мардум ва тақвияти пояҳои давлати соҳибистиқлоламон истифода барем.

Ҷашнҳои Истиқлолияти давлатӣ, Наврӯзи бостонӣ, Рӯзи ваҳдати миллӣ ба ҷашнҳои умумихалқӣ табдил ёфтаанд. Инчунин, соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, пули миллӣ ва узви комилҳуқуқи даҳҳо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардидани Тоҷикистон аз дастовардҳо ва арзишҳои муқаддаси даврони истиқлолият буда, рамзи тантанаҳои давлатдории миллӣ ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани Тоҷикистони азизи мо мебошад. Парчам рамзи асосиву муқаддаси Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи тоҷик ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ аз Ватани азизи худ ҷашн мегиранд. Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик мебошад. Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳуввияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси мо тоҷикон мебошад.Мо баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар давраи ниҳоят вазнину ҳассоси ҳаёти халқамон бо истифода аз таҷрибаи ниёгонамон Парчами давлатии худро интихоб ва қабул кардем.

Боиси ифтихор аст, ки имсол мо 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтем. Дар бисёр шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат майдонҳои Парчами давлатӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуданд.

Парчами давлатӣ, хусусан барои ҷавонони Тоҷикистони азиз омили сарфарозӣ буда, онҳо дар ҳама ҳолатҳо зери ин рамзи давлатӣ муттаҳид мешаванд ва иқдомоти шоистаи ватандӯстонаро, аз ҷумла дар ҳимояи Ватани маҳбуб ва дифои ҳар ваҷаб хоки муқаддаси он бо ҳушёриву зиракӣ амалӣ менамоянд. Эҳтиром гузоштан ба Парчами миллӣ барои мо мардуми шарифи Тоҷикистон арҷгузорӣ ба фарҳангу давлату давлатдорист.

Мо сокинон бо парафшонии ин рамзи муқаддас таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, барои ба як Ватани ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистон саъю талош карда истодаем.

Парчами миллӣ мардуми моро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ сафарбар намуд.

Имрӯз барои халқи тоҷик Парчам сарчашмаи неруву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.

Гадоӣ Сайдалиев, мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg