БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАНҚИДРО ҲАМА МЕТАВОНАД, АММО АМАЛРО НА ҲАР КАС

ВОКУНИШ. Собит шудааст, ки назария дигар асту амал дигар. Ҳатто дар баъзан маврид мегӯянд, ки дар назар осон ва дар амал мушкил аст. Баъзан нафарон барои иҷрои ину он кор бештар тавсияву пешниҳод мекунанду худ таҷрибаи амалии онро намедонанд. Дар амал кор кардан шахс таҷриба гирифта, моҳият ва нозукиҳои онро медонад.

Вақтҳои охир дар саҳифаҳои худ танқидгарон ҳар он чи, ки дар забонашон ояд нисбати сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯянду худро таҳлилгар нишон медиҳанд. Дар асл гирем онҳо аз вазъият ва ҳолате, ки танқид мекунанд,  ҳазорҳо киллометр дур буда, танҳо нисбати он масъала ёвагӯӣ мекунанду халос. Ба ғайр аз суханони пучу холӣ дигар далел ва рақамҳои дақиқро манзури бинандагону шунавандагон  намегардонанд. Баромад ва суханони онҳо бофта ва пучу холӣ аст. Манзури онҳо танқид кардан, сиёҳ кардан аст. Мақсади онҳо ғараз, ноамнӣ, барҳам задани ваҳдату ягонагӣ мебошад. Агар онҳо хоҳиши пешрафту дастгири мардум бошанд, чаро роҳи дурусти зиндагиро мисол намеоранду танҳо миёни мардум мехоҳанд шӯру ғавғо бошад? Чунки дарҳолати ноамнӣ ва набудани ваҳдату ягонагӣ авбошону дуздон ва ҳиллагарон ба мақсадҳои худ мерасанд. Онҳо бо истифода аз вазъияти мураккаб дороии мардумро аз они худ мекунанд.

Аз ин лиҳоз маълум ва аён аст, ҳолати давлатҳои ҷангзада ба мисоли Сурияву Ироқ ва давлати ба мо ҳамсоя Афғонистон. Ин танқидгарон замоне дар кишвари мо кору фаъолият ва истиқомат мекарданд, ки ягон далеле надоранд, ки ҳатто дарахтеро сабз карда бошанд. Аз ин рӯ мо мардуми Тоҷикистон амниятро беҳтарин неъмат шуморида,  шукронаи диёри аҷдодӣ мекунем.  

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg