ВАХШ. Дирӯз бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Қосимов Фирдавс ва Хоҷаев Хуршед дар Литсейи касбӣ-техникии №60 мулоқот доир гардид.
Зимни андешаронӣ кормандони ҳизбӣ мутобиқи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, афзуданд, ки риоияи талаботи қонуни мазкур ва ихтиёран сафарбар кардани ҷавонони синни даъватӣ вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Аз ин лиҳоз мо сокинонро зарур аст, нисбати таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон масъулияти дучанд ҳис намуда, фарзандонамонро барои адои қарзи фарзандӣ ба хизмати Ватан-Модар сафарбар намоем.