Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи сил” вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо аъзои фаъоли ҲХДТ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Алиев Зафар дар бораи бештар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, мубориза алайҳи амалҳои коррупсионӣ, истифодаи мақсадноки замин, риояи Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, татбиқи аксияҳои ҳизбӣ, дастовардҳои даврони Истиқлол, ҳифзи арзишҳои миллӣ суханронӣ намуда, ба аъзои ташкилоти ибтидоӣ маслиҳатҳои муфид дод.