ПАНҶ. Баҳри ҷалби аъзои нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ мунтазам корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро миёни сокинони ноҳия ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки шахсони сазовору арзанда ба сафи ҳизб қабул карда шаванд.
Вобаста ба ин, дар маҳаллаи Ваҳдати ҷамоати шаҳраки Панҷ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Шомаҳмадзода Музаффар, мудири бахши занон ва ҷавонон Атавуллоева Зебунисо ва мутахассиси ҳамин шуъба Холов Диловар бо бошандагони маҳалла вохӯрӣ доир гардид.
Шомаҳмадзода Музаффар дар баромадаш таъкид намуд, ки сафи аъзои ҳизбро мо бояд аз ҳисоби ҷавонони фаъолу болаёқат, шахсони ватандӯсту ватанпараст зиёд намоем ва дар ин росто ҳамчун аъзои фаъоли ҳизб баҳри амалисозии ҳадафҳои Оинномавию Барномавии ҲХДТ кӯшиш ба харҷ дода, дар корҳои ободонию созандагии диёри худ саҳмгузор бошем.
Ҳамчунин, дар баромади масъулон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ шуда, қайд шуд, ки бо назардошти он, ки дар Паёми имсола соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст ва ин барои рушди сайёҳӣ ва аз сари нав эҳё шудани ҳунарҳои мардумӣ, фарҳанги ниёгон замина гузошта мешавад.
Ин иқдоми пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як падидаи нек буда, қадамҳои устуворона ҷиҳати таъмин намудани мардум бо зиндагии шоиста мебошад.
Дар охир, раиси маҳаллаи Ваҳдат Ярова Тозагул баромад намуда, барои баргузории чунин чорабиниҳо, ки таблиғгари сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, арзи сипос баён намуд. Баъдан ба якчанд нафар ҷавонони ба сафи ҳизб қабулгардида тантанавор шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, бо пешниҳоди сокинони маҳалла ташкилоти ибтидоии бо номи “Ваҳдат” таъсис дода шуд.