БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таҳкими сулҳу суботи кишвар аз ҳадафҳои созандаи ҲХДТ

МУЪМИНОБОД. Дар деҳаи Яккачинори  ҷамоати деҳоти Боғгаии  ноҳияи Муъминобод бо истиқоматкунандагони маҳаллаи мазкур маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод  Салоҳиддин Мирзобаротов  ва раиси деҳаи мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар маҷлис самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии муҳтавои  мулоқоти Сарвари давлат бо аҳли ҷомеаи кишвар аз 12.05.2018,  суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар семинар-машварати кишоварзон дар ноҳияи Данғара аз 02.06.2018,  афзоиш додани сафи ҳизб, зиёд намудани шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ, муқовимат бо коррупсия баррасӣ карда шуданд.

Инчунин, дар деҳаи мазкур ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода шуда, раиси он М. Баҳриев интихоб гардид.

Баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳои судманд дар дигар деҳаю маҳаллаҳои  ноҳияи Муъминобод  мувофиқи нақша идома доранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg