Ҷ.БАЛХӢ. Дар идораи “Нозироти Андоз”-и ноҳия маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир гардид.
Дар маҷлиси мазкур масъалаи таъсиси ташкилоти ибтидоӣ ва номгузории он, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва қабули аъзо ба сафи ҲХДТ муҳокима гардид. Масъулин дар мулоқот баромад намуда, оид ба вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои ибтидоӣ, тарзи дурусти коргузорӣ, ҷалби аъзо ба корҳои созандагию ободонӣ суханронӣ карданд.
Сипас, бо дастгирии иштирокдорон Саидмуроди Сафаралӣ Раҷаб раиси ташкилоти ибтидоии “Нозироти Андоз” интихоб гардида, зимни баромади хеш мавсуф иброз дошт, ки мо масъулон дар татбиқи ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии ҲХДТ, ҷонибдории ҳамаҷонибаи сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош хоҳем варзид.
Дар анҷоми маҷлис ба аъзои нави ба сафи ҲХДТ шомилгардида шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.