БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ-САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Чи тавре ки ҳамаи мо медонем, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6-ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст.

Маҳз ба тариқи раъйпурсӣ қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, онро дар қатори беҳтарин Конститутсияҳои ҷаҳон қарор додааст. Халқи тоҷик аз азал миллати маорифпарвару адолатпарвар ва дорои фарҳанги бой мебошад ва дар ҳама давру замон парчаму ливои худро дошта, маърифати эҷод кардани қонунро доро будааст.

Мисоли равшани ин гуфтаҳо Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир мебошад, ки яке аз аввалин санади муайянкунандаи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ҷаҳон мебошад. Имсол аз санаи қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-сол сипарӣ мегардад.

Дар солҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва беназмию беқонуниятӣ ҳукмфармо буд, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи қавии халқи тоҷик, қабул гардидани Конститутсия ба тариқи раъйпурсӣ ин қаҳрамонии миллати тоҷикро нишон медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз баромадҳои худ қайд менамоянд, ки "Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад". Конститутсия ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро ҳимоя карда, ба ҳамаи мо имконият медиҳад, ки дар ҳамаи соҳаҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ ҳуқуқи баробар дошта бошем. Дар идоракунии давлатӣ бевосита ё бавосита иштирок намоем.

Яъне, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Қурбонов А., раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg