АНДЕША. Миллати тоҷик аз давраи қадим соҳиби парчам буд ва то ба имрӯз зери ливои миллии худ муттаҳид мебошад. Аввалин ливои давлати тоҷикон бо номи “Ливои Ковиён” - номгузорӣ шуда буд, ки аз пораи чарм сохта шуда, баҳри ягонагию мубориза бар муқобили заҳок қувваи бадӣ истифода шудааст. Асосгузори ливои нахустин Коваи Оҳангар буд. Сипас дар давлатдории тоҷикон парчамҳо аз матоҳои ғафс бо таҷассуми аксҳои Шер, Оҳу, уқоб ва ғайраҳоро низ барои худ пайваста парафшонӣ мекарданд. Парчами нави тоҷикон дар давраи соҳибистиқлолӣ соли 1992 дар Ҷаласаи XVI –уми Шӯрои Олӣ қабул карда шудааст, ки аз се намуд матоҳои рангаи Сурх, Сафед, Сабз ва акси тоҷ ва 7 - ситора дар матоӣ сафеди байн таҷассумгари рамзи давлатдории тоҷикро ба акси тоҷ ва 7 – ситора гувоҳ аз соҳибдавлатию тоҷвар будани миллати тоҷик таҷассум ёфтааст.
Дар воқеъ тоҷикон дорои рамзҳои давлатӣ: Нишон, Парчам, Суруди миллии хеш буда, ҳангоми оғози маҷлису ҷамъомадҳои миллӣ Суруди миллӣ садо дода, сипас ба кори худ шурӯъ менамоянд, ки ин гувоҳи соҳибихтиёрии мо тоҷикон мебошанд. Ҳамзамон дар болои нишони миллии мо акси кӯҳ, офтоб, хушаи гандум, пахта, китоб, инчунин матоъи парчам печонида шудааст, ки гувоҳи аз ватани кӯҳистонӣ, тулӯи офтоб, боигарии асосии он гандум, пахта, китоб гувоҳи тамаддунофарии миллати моро таҷассум намуда, дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонию байналмиллалӣ, барои ғолиб омадани варзишгар аз Тоҷикистон байрақи Тоҷикистон бардошта шуда Суруди миллии Тоҷикистон садо медиҳад, ки боиси ифтихору сарфарозии миллати мо мебошад.
Имрӯзҳо парчами Тоҷикистон дар қатори 200 – давлати узви созмони милалӣ муттаҳид афрохта шуда, гувоҳӣ аз он медиҳад, ки мо низ дар қатори дигар давлатҳои бузург як овоз дошта, узви созмонҳои бонуфузи ҷаҳон мебошем. Рӯзи Парчамро ба тамоми сокинони Тоҷикистон муборак гуфта, таманнои он дорам, ки парчамаш доимо дар дунё парафшон бошаду болои сари мо парафшонӣ карда, зери сояи он миллати тоҷик соҳиби истиқлолу озодии ҷовидона умр ба сар барад.
Каримзода Пирмуҳаммад Авғон, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара