Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт,
Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.
Ё дошт огаҳӣ зи пару боли хеш лек,
Майли ҷудо шудан зи ману аз падар надошт.
АНДЕША. Модар чи калимаи ширинест, ки бо замзама кардани ин калима инсонро ба дунёи рангин мебарад, ки дар он меҳру муҳаббат, самимият ва покдилӣ ҳадду канор надорад.
Модар заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Ҳар чӣ ки дар рӯйи замин дорем, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрем барояш фидо созем. Модар дар ҳама рӯзҳои хурсандӣ ва чи сахтӣ канори мо буду моро ба ин дунё бо ҳузури худ дилгарм месозад. Ҳеҷ як модар аз фарзанди худ гузашта наметавонад ҳатто лозим шавад барои ҳифзи фарзанди хеш ба муқобили ҳар касе ва ҳар чизе истодагарӣ мекунад. Бузургии модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Аз ин рӯ биёед, фариштаҳои хонадони ҳар яки худро ҳурмату эҳтиром намоем ва ҳифз намоем зеро, ки модар ин як ҳадяи ноёб аз тарафи Худованд ба ҳар яки мост.
Расулов А., барномасози КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон