БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

16-УМИ НОЯБР “РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

АНДЕША. Бо муттаҳид гаштани мардуми шарафманди тоҷик ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишварамон дигаргуниҳои бузурге рӯи кор омад. Пас, аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, ин сармазинамон дар ҳолате қарор дошт, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ иқтисодиёти кишвар хароб ва фаъолияти сохтору мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардида буд.

Мардуми шарафманди ин минтақаи ҷангзада 16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд даъват карда шуда, дар ин  Иҷлосияи тақдирсоз Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Аз рӯзҳои аввали сари қудрат омадан, ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва демократиро интихоб намуд. Дар давоми 30-соли роҳбарии Сарвари давлат, сокинони кишвар дар зери сиёсати хирадмандонааш, барои пешравию инкишоф ва рушди бемайлони тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат талош варзиданд. Як қатор қонунҳо ва сандҳои меъёрию ҳуқуқиро ба тавсиб расониданд, ки роҳи имрӯзу ояндаи кишварро дурахшон менамояд.

Дар асоси қонунҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии ба тавсиб расида, тибқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, ки аз 14 майи соли 2016 қабул шудааст, дар Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта мешавад. Сабаби дар ин рӯз рост омадани чунин ҷашни фархунда дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд.

Бинобар ин, таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Ин аст, ки  “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.

Салимова Собоҳат,   мудири шуъбаи кор бо ҷавонон     ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Вахш                        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg