ШАҲРИТУС. Санаи 09.11.2021 сол масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии РАСИН (шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия) ҷиҳати муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, тарзи нигоҳ доштани он, супоридани саривақтии ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман” доир гардид.
Зимни боздид, масъулини Кумитаи иҷроия доир ба масъалаҳои болозикр ба масъулини шӯъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия оиди саривақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастурҳои муфид доданд.