Н.ХУСРАВ. Бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик дар кохи фарҳангии ноҳияи Носири Хусрав маҷлиси тантанавӣ бо иштироки роҳбарону кормандони шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигарон баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Носири Хусрав узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ Нишонзода Даврон ҷаласаи тантанавиро кушода, дар бораи фаъолияти кормандони милитсия ва хизматҳои шабонарӯзии онҳо дар таъмини амнияту нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо маърӯза намуд.
Баъдан, сардори шуъбаи вазорати корҳои дохила дар ноҳия, подполковники милиса Раҳимзода Зафар баромад намуда, кормандони милитсияро бо рӯзи иди касбиашон табрику таҳният гуфт.
Дар охир ба як гуруҳ кормандони шуъбаи вазорати корҳои дохилии ноҳия сипоснома ва туҳфаҳо тақдим гардид.