ФАРХОР. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо кормандони Маркази саломатии ноҳия бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ дар маҳаллаҳои ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.
Зимни суҳбат бо аҳолӣ вобаста ба солим нигоҳ доштани гигиенаи шахсӣ ва тозаву озода намудани гирду атрофи маҳали зист ба сокинон тавсияҳои муфид доданд. Инчунин, ба шахсони ниёзманд ниқобҳои яккаратаи муҳофизавӣ ва варақаҳои тарғиботӣ дастрас намуданд.
Ҳамзамон, кормандони ҳизбӣ дар бораи мақсаднок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва захираи маводи хӯрока бо сокинон суҳбат намуданд.