БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИЛМУ ДОНИШ ИНСОНРО БА РОҲИ РОСТ ҲИДОЯТГАР АСТ

АНДЕША. Пешрафту тараққиёти ҳар як давлат аз шахсони бо илму дониш ва мутахассисони соҳибтаҷриба вобастагии калон дорад. Омӯхтани илму дониш шахсро ба қуллаҳои баланди мурод мерасонад. Барои дар ҷодае соҳиби мавқеи худ гардидан пеш аз ҳама дониш, малакаву маҳорат, ҳамеша дар талоши чизи нав будан ва аз ҳама муҳим иродаи мустаҳкам доштан лозим аст. Вақте инсон дорои ин хислатҳост, пас бо боварӣ метавон гуфт, ки ояндаи дурахшоне ӯро интизор аст.

Илму дониш аст, ки инсонро ба роҳи росту равшан ҳидоятгар аст. Агар мо аз айёми кӯдакӣ дар роҳи илм талош варзем дар оянда ҳеҷ гоҳ гумроҳ нахоҳем гашт. Инсониятро дар баробари дигар фарзиятҳо омӯзиши илм низ фарз гардидааст. Мо, ҷавононро лозим меояд, ки ҳар лаҳзаи вақти хешро беҳуда барбод надиҳему аз пайи омӯзиши илму дониш бошем.

Дар яке аз сомонаҳои интернетӣ чашмам ба як навиштаҷоте афтид, ки дар он чунин навишта шуда буд: “Нест кардани ҳар миллате ба истифодаи бомбаҳои атомӣ ё истифодаи яроқҳои ҳастаӣ ниёз надорад. Танҳо бо паст кардани сатҳи саводнокӣ метавон як давлатро аз байн бурд. Дар натиҷа аз дасти табибони камсавод беморон мефавтанд. Биноҳои баландошёна аз дасти муҳандисони бетаҷриба фурӯ  мераванд, аз дасти иқтисоддонони нодон асъори давлат беқурб мешавад ва дар чунин ҳолат оқибат давлат аз байн меравад”. 

Чӣ хеле, ки мегӯянд: “Сукути низоми омӯзишӣ - ин сукути миллат аст.” Аз ин гуфтаҳо бараъло мушоҳида мешавад, ки ҳар як шахси дорои ақлу хирадро зарур аст, ки илму дониш биёмӯзад, пайваста кӯшиш намояд, ки босаводу бомаърифат бошад, барои тараққиёту пешравӣ, ободонӣ, рушду нумӯи давлату миллати хеш талош намояд ва ин сарзамини пурганҷро аз  нестшавӣ эмин нигоҳ бидорад.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg