БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ

ҲАМАДОНӢ. Дар муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии № 6-и деҳаи Дараи Калоти ҷамоати деҳоти Қаҳрамон вохӯрӣ бо сокинон ва аъзои фаъоли ҲХДТ оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баргузор гардид.

Зимни баромад муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Шарипов Раҳимҷон иброз дошт, ки хизмат ба Ватан ҳам қарзу ҳам фарз аст ва ҳар як ҷавонмарди бонангу номусро зарур аст, ки ин қарзро адо намояд. Инчунин, мавсуф вобаста ба риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи  кишвар баромад карда, аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки риояи қонунҳо ба манфиати мо шаҳрвандон равона карда шудааст. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg