БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ваҳдат бақои давлат ва ҳифзи он мароми миллат!

ҚУБОДИЁН. Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бисёр роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта таъмиру тармим ва аз мадди назари масъулон дурр монда, рафту омад дар он барои аҳолии ин ва ё он деҳа мушкилиҳо ба бор меоварданд.

Яке аз чунин роҳи автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта дар деҳаи дурдасти Зиракии ҷамоати деҳоти ба номи И.Ниёзови ноҳияи Қубодиён ҷойгир буд. Дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва дар рӯзҳои боронии фасли баҳор роҳи деҳаи мазкур касногузар гардида, барои роҳгузарон хусусан барои хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8, ки дар деҳаи Зиракӣ ҷойгир аст, роҳгардӣ мушкил буд.

Бо дарназардошти мушкилии деҳаи Зиракӣ бо ташаббуси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Маҳмадаюб Шарифзода баҳри сазовор пешвоз гирифтани  ҷашни 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҷалби аҳолӣ ва шахсони саховатпеша роҳи автомобилгарди деҳаи Зиракӣ ба масофаи 1200м бо сарфи зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ таъмир ва мумфарш гардида дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ба истифода дода мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg