БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Миллати мо дорои таъриху фарҳанги чандинҳазорсола аст!

ВАХШ. Бо ибтикори кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш ҷиҳати ҷалби мардум дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва тақвияти робита бо маҳал дар деҳаи Фидокори ҷамоъати деҳоти Тоҷикобод бахшида ба элон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мулоқоту вохӯрии судманд доир карда шуд.

Дар рафти маҷлис мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Негматов Азизулло қайд намуд, ки ин ташаббуси бисёр муҳим ва ­саривақтӣ, ба эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ –ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани фарҳангу ма­данияти бою ғании миллати тоҷик, ҷалби са­йёҳони дохилию хориҷӣ ба ҷойҳои фарҳангию­ таърихӣ, пешниҳод кардани ҳисси ватандӯ­стӣ, ифтихор аз фарҳангу миллати куҳанбунёди тамаддун­офари тоҷик замина гузашта онро тараққи хоҳад дод.

Дар охир ҷамъомадагон андешарониҳои  Негматов Азизуллоро якдилона ҷонибдорӣ намуда, афзуданд, ки дар эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ,  таъсиси ҷойҳои нави корӣ  дар хона ва аз ин ҳисоб паст кардани сатҳи камбизоати дар кишвар саҳм хоҳанд гузошт.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg