ЁВОН. Бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар толори хурди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки як гурӯҳ раисони ташкилотҳои ибтидоии навбунёд бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи аввал ва иҷрои нақшаҳои оянда дар нимсолаи дуюми соли равон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Саёҳат роҷеъ ба баргузории вохӯриҳо атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баргузории чорабиниҳо вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, татбиқи Аксияҳои ҳизбӣ, таъмини аъзои ҲХДТ бо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ, пурзӯр намудани фаъолияти кори ташкилотҳо дар миёни аҳолӣ, махсусан занону ҷавонон, рафти ҳуҷҷатгузорӣ ва ғайра андешаронӣ карда шуд.
Дар охир аз ҷониби раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ пешниҳодҳои мазкур якдилона қабул гардида, рафти баргузории чорабиниҳо дар нимсолаи дуюми соли равон ҳаллу фасл карда шуд.