ЁВОН. Ба ифтихори ҷашни 27- солагии қабули Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ноҳия бо риояи расму оинҳо чорабиниҳои идона баргузор гардид.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ин рӯзи муборак ба аёдати сарбозону афсарони қисми низомии ноҳия рафта, ҳайати шахсиро ба 27- солагии Рӯзи Конститутсия шодбош гуфтанд.
Зимни баромадҳо намояндагони ниҳоди ҲХДТ дар ноҳия дар бораи нақш ва манзалати Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат суханрониҳо намуда, аз ҷониби шоираи ширинзабони ноҳия Меҳриниссо Сатторӣ шеърҳо қироат карда шуд.