БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

АНДЕША. Ҳар сол дар кишвар таҷлили рӯзи Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. 16  ноябри соли 1992, ин санаи тақдирсоз барои насли пешин, ки ҳама ҳаводису хотираҳояш порае аз таърихи миллатанд, аз ёдҳо нозудуданианд.

Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рӯйдоди тақдирсози миллат аст, набояд аз ёд дур сохт. Ба ёд дорем, ки чӣ рӯзгорро пушти  сар кардем ва чизе ба худ омӯхтем. Он айём мардум дар ҳолати тарсу ваҳм ва таҳлука қарор доштанд. Дар бештари манотиқи мамлакат бесарусомониҳо ҳукмфармо буд. Ҳукумат аз сохторҳои  қудратии он фалаҷ гардида, иқтисодиёти кишвар хароб ва дар саҳро ҳосил талаф меёфт. Заводу фабрикаҳо аз кор бозмонданд, хатари гуруснагӣ таҳдид мекард. Дар вилояти Қӯрғонтеппа (ҳозира Хатлон) ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид, гурезаҳо ашки сӯзони модарону кӯдакон, талафоти зиёди ҷонӣ зиёдтар ба назар мерасид. Онҳое, ки ин давлатро ба арсаи кашмакашиҳои сиёсӣ, тазоҳурот ва таҳдиду найрангҳо табдил дода буданд, на иродаи сиёсӣ, на мардонагӣ ва на масъулият доштанд, то ба ин ҷараёни харобиовар хотима бахшанд. Мамлакат дар ҳоли  пошхӯрӣ қарор дошт. Бисёриҳо бар он назар  буданд, ки Тоҷикистон дар марҳилаи охирини ҳастӣ  қарор дошта, он аввал пора- пора ва баъдан аз байн хоҳад рафт. Лекин Тоҷикистон пойбарҷо монд ва аз вартаи ҳалокат раҳоӣ ёфт. Пеш аз ҳама бо иродаи худи халқ ва Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар он давра дар ҳудуди кишвар барои барпо намудани иҷлосия ягона ҷойи бехавф шаҳри Хуҷанд буд. Бо андешаи  ояндаи халқу миллат, фарзандони хеш ва Ватани азияткашида вакилони мардумӣ даъвати 12 – уми Шӯрои Олии кишвар  субҳи 16  ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб барои гузронидани Иҷлосияи 16 – уми таърихӣ шурӯъ намуд. Дар ҷараёни иҷлосия, қабл аз ҳама, вакилон вазифадор буданд, ки масъали барқарор кардани сохти конститутсионии кишвар  ва  сохторҳои гуногуни он, аз ҷумла  сохтори қудратӣ ва эҳё  кардани давлат ва  истиқлолияти  миллиро ҳаллу  фасл намоянд. Сулҳу оромиро дар кишвар барқарор  ва ба ҷангу хунрезиҳои  дохилӣ хотима бахшанд. Ҳалли  ин масъалаҳо  бевосита  ба дигар  масъалаи  муҳим – интихоби  Сарвари давлат сахт алоқаманд буд. Мамлакат ба шахсияте ниёз дошт, ки зимоми давлатдориро  устуворона ба даст гирифта, ба бесарусомониҳо ва муҳоҷирати  оммавӣ хотима бахшад, гурезаҳоро ба Ватан баргардонад, эътимоди  мардумро ба давлат устувор  карда,  иқтисодиёти мамлакатро эҳё намояд. Ҳама дарк мекарданд, ки  дар чунин  лаҳзаи тақдирсоз нафаре  бояд ба сари ҳокимият ояд, ки дорои  сифатҳои аслии  сарварӣ -  принсипҳои устувор ва иродаи  қавӣ, ҷасуру нотарс бошаду сарсупурдаи  кор,  то тавонад ин масъулияти  бузургро дар назди халқу Ватан  чун ватандӯсти ҳақиқӣ бар душ гирад. Чунин шахсияти бузург миёни вакилони Шӯрои Олии кишвар ҳузур дошт – ӯ Эмомалӣ Раҳмон буд. Ҳаёт собит кард, ки  ягона қарори дурусти қабулкарда, интихоби дуруст ва бамаврид буд, ки вакилони иҷлосияи 16 – ум он буд, ки Сарвари давлат, ба Раисии Шӯрои Олии кишвар Пешвои мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуданд. Вақте ки Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аввалин бор ба минбар баромаданд, маҳз он суханҳоеро гуфтанд, ки тоҷикистониён онро дер боз  интизор буданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як самимият ва бо дилу софу  беғубори худ ваъда доданд, ки алангаи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш  ва ба мардуми азиятдида сулҳу оромӣ хоҳад овард. “ Мо давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро хоҳем сохт”, - ин роҳи интихобкардаи Пешвои  миллат буд, ки баъдан бо  ташаббуси ин марди хирад  дар Конститутсияи аввалини Тоҷикистони соҳибистиқлол  низ махсус дарҷ гардид. Хуллас, ин иҷлосия ба он хотир Иҷлосияи таърихии тақдирсоз  ном гирифт, ки маҳз дар он  тамоми масъалаҳои  барои мардуми кишвар ҳаётан  муҳим ҳаллу фасл гардиданд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон орзуи деринаи  мардуми тоҷикро  дар воқеият амалӣ намуд. Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Президенти кишвар аст,  балки Асосгузору офарандаи давлати навини  соҳибистиқлол – Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ӯ шахсияти таърихист, ки ба арсаи  сиёсат дар марҳилаи ҳассосу тақдирсози Тоҷикистон падид омад. Сарвари мо худ аз байни мардум омадаанд, аз ин рӯ, эҳсоси мардуми оддиро ба хубӣ дарк менамоянд. Эмомалӣ Раҳмон мушкили оммаро дар худ тасаввур намуда, баъдан қарорҳои қатъӣ қабул мекарданд. Сарвари давлат дар лаҳзаҳои ҳассоси сиёсӣ ба пешвози хавфу хатар мешитофт ва омода буд, ки худро қурбон созад. Дар он айёми мушкилу пурхатар ҳамеша паҳлуи халқ буд, бо аҳолӣ вохӯрда аз вазъи мардум огоҳ мегардид, бо мушкилоти мардуми ҷангзада бевосита ошно буд. Таърих собит сохт, ки ин вохӯриву мулоқотҳо он айём  мисли  обу ҳаво зарур буданд, ки ҳамакнун зери ҳимояи давлату Ҳукумат  қавие қарор хоҳанд гирифт.

То кунун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилот доим дар паҳлуи  мардуманд.

Воҳид  Дилфрӯз Сафарӣ,  муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg