БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲАЛЛИ МАСОИЛИ ГЕОСИЁСӢ

АНДЕША. Ҷаҳони муосир бо таҳдиду хатарҳои нав, ба монанди терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ рӯбарӯ гардидааст, ки оқибатҳои фалакатбори онҳоро мо дар баъзе кишварҳо  баръало мушоҳида мекунем. Яке аз хатарҳое, ки боиси нигаронии амиқи давлатҳо гардидааст, терроризм ва экстремизм мебошад, зеро ягон давлати ҷаҳон, ҳатто кишварҳои абарқудрат ба танҳои бар зидди ин зуҳуроти номатлуб истодагарӣ карда наметавонанд. Дар ин хусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои – миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, пеш аз ҳама Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо баромад намуда, муборизаи дастаҷамонаро талаб намуданд. Маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли эътилофи зиддитеррористӣ гардида дар мавқеи худ собит мондааст. Яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризм ин, истеҳсол ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад, ки Тоҷикистон дар ин масъала ташкили иттиҳод ё коалитсияи мубориза бар зидди маводи мухаддирро пешниҳод намуда, аз ҷониби Созмони Миллали Мутаҳҳид дар қатори бист пешниҳоди муҳимтарини сайёра эътироф гардидааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксарияти амалҳои террористию экстремистӣ аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешаванд, ки ин боиси дар шуури аҳолии сайёра ба вуҷуд овардани нафрат ба дини мубини ислом ва мардуми мусулмон мегардад. Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милалли Мутаҳид таъкид карда буданд: “Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”. Маҳз чунин таъкиди Пешвои миллат буд, ки мардуми ғайри мусалмон ба мусалмонон нигаҳи дигаре намуданд. Пайваста даъват ба амал овардан, ҷиҳати мубориза бо ин хатари ҷиддӣ ба инсоният дар маркази тавваҷуҳи Пешвои-миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, ки мо онро дар ҳар як баромадашон эҳсос менамоем. Маҳз зимни вохурӣ бо қишри ҷавони ҷомеа аз онҳо пайваста даъват ба амал оварда, таъкид менамоянд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар пайи  омузиши илмҳои дақиқ бошанд. Дар ҳақиқат асри XXI асри рақобат ва бархӯрдҳои гуногун аст, зеро маҳдудшавии босуръати захираҳои табиӣ, рақобати шадиди иқтисодӣ ва имконияти амалан номаҳдуди техникӣ, ҳамчунин мубориза барои дастёбӣ ба захираҳои стратегӣ ва назорати минтақаҳои дорои аҳамиятӣ ҳаётӣ ва иқтисодӣ суръат бештари гирифтааст. Дар ин радиф мебояд қайд намуд, ки  Осиёи Марказӣ нуқтаи муҳими рақобати геополитикӣ ва геостратегии қудратхоҳони ҷаҳон мебошад. Вобаста ба ин Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон борҳо зимни баромадашон дар созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳони  аз давлатҳои минтақа ва давлатҳои бузург талаби сиёсати санҷида, созанда ва созгор бо суботу амнияти минтақа ва ҷаҳонро намуда, таъкид намуданд, ки Осиёи Марказӣ ҳамчун нуқтаи ҳассоси геопалитикӣ ва геостратегии ҷаҳон набояд саҳнаи бесуботӣ ва бархӯрҳои ҷаҳонӣ бошад, балки маркази пайванди манфиатҳои ҷаҳонӣ гардад. Ҳодисаҳои вақтҳои охир дар минтақа қабл аз ҳама, Ҷумҳурии Исломии Афғонистони ҳамсоя ва ҳамсарҳад рӯх дода, бори дигар аз сиёсат ва мавқеъгирии хирадмандонаю устуворонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад, ки таъкидҳои пайвастаи роҳбари кишвар дар ташкили ҳукумати ҳамашум дар Ҷумҳурии Исломии Афӯонистон, саривақти буда, ҷиҳати пешгирии бархӯрдӣ манфиатҳои нерӯҳои сиёсии мухталиф поягузори менамояд. Зеро ҳодисаҳое, ки вақтҳои охир дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рӯх дода истодааст натанҳо ба вазъи дохилии Афғонистон, балки ба амнияту суботи ҳамаи минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири амиқи худро мегузорад.

Вобаста ба ин ва дигар таҳдидҳои наве, ки торафт миқёс ва хислати глобалӣ пайдо карда истодаанд, вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат, махсусан кормандони идеологӣ, ин таблиғи бедории миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ дар байни сокинон мебошад.

Дар ин замина метавон қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои- Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро дар назди миллати куҳанбунёду соҳибфарҳангамон бошарофона адо намуда, дар ҳалли масоили геосиёси дар минтақа ва ҷаҳон дорои эҳтироми хоссае мебошанд.

Худойдод Ёров, сармутахасиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg