АНДЕША. Хеле зарур аст, ки насли имрӯзаи ҷавони давлати мо ба воқеияти даврони 30-солаи навини ба соҳибистиқлолӣ расидани Таҷикистон хубтару наздиктар ошно бошад. Онҳо сабабҳои аслии бурду бохтҳои давлати ҷавони худро аз диди ақлу дил дарк кунанд. Агарчӣ аз соҳибистиқлолии давлати навбунёди тоҷикон 30-сол гузашта бошад ҳам, аввалан ин муддат барои таърих хеле кам аст ва дуввум он, ки бадхоҳону душманони миллату давлати мо мисли ҳазорсолаҳои пешин бисёр кӯшиш мекунанд, ки ба соҳибистиқлолии мо тоҷикон халал расонанд,то ки дастнигари дигарон бошем. Наврасону ҷавонони тоҷик бояд дар фазову рӯҳияи баланди ватанпарварастиву ватандорӣ таълиму тарбия бигиранд, барояшон сухани аввал Ватан-Модар ва донистани дину мазҳаби аҷдодӣ танҳо ва танҳо як ҷузъи фарҳанги инсонии онҳо бошад. Дар ҳолате, ки давлати навбунёди Тоҷикистон воқеан ба мутахассисони соҳаи техникӣ, хусусан техналогияи муосир эҳтиёҷ дорад, хеле зарур аст,ки ҳар як дақиқаи вақти талабаи мактаб ба омӯхтани барномаи дарсӣ ва 90 дар сади вақташ барои омӯхтани илмҳои дақиқ, техникаву техналогияи замонавӣ сарф шавад. Ҳамин илму фан аст,ки сатҳи зиндагиву фарҳанг дар баъзе мамлакатҳо хеле боло рафтааст ва ин ҳолат барои барои мо албатта чун рӯз рӯшан аст . Яъне, бе илму технологияи муосир ба пешравии назаррасе ноил шудан амрест маҳол ва иҷроношуданӣ. Танҳо фарди босаводу боилму маърифат метавонад озоду равшандил ва ватандӯсту ватанпараст бошаду ҳамчун тоҷики асили ориёитабор ба қадри Ватан ва давлати тоҷик бирасад.
Маҳмадсафарзода Мирзораҳим, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н.Панҷ