БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ - ҲУҶҶАТИ ВОЛОМАҚОМ

Н.ХУСРАВ.  Бо ташаббуси  Кумитаи  иҷроия  дар  ноҳия  вохӯрии  ҷавонони ташкилоти ибтидоии деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Фирӯза  бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  таҳти  унвони "Конститутсия санади таърихии миллат»   баргузор  гардид.

Намояндагони ҳизбӣ  дар вохӯрӣ қайд намуданд, ки  бо  талошҳои  пайвастаи Пешвои  миллат,  кишвар дар  як муддати  начандон  зиёд аз буҳрони  сиёсии  солҳои  аввали  соҳибистиқлолӣ ва аз доми  найранги  таҳмилгарони  аҷнабӣ  берун  баромада, барои созандагиву   бунёдкорӣ қадамҳои  устувори  худро  гузошта  истодааст.Ҷавонону  наврасон,  ки  давомдиҳандагони  кору  фаъолияти насли  калонсол, нерӯи  тавоно ва  иқтидори воқеии пешрафти  ҷомеа, хулоса  ояндаи  давлат, ки ба ҳисоб мераванд, бояд онҳо дар  татбиқи ҳадафҳои созанда дар ҳама самт пешсаф бошанд ва ворисони ҳақиқии ин миллату давлат будани худро бо амалҳои нек собит намоянд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg