Н.ХУСРАВ. Бахшида ба сазовор истиқбол намудани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Тозагии маҳал вазифаи ҷонии мо сокинон аст!” корҳои ободонию созандагӣ дар ҳудуди ноҳияи Носири Хусрав бо маром роҳандозӣ шуда истодаанд.
Волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар чорабинии ҳизбӣ иштироки фаъолона дошта, дар тозагии маҳал, ба тартиб даровардани назди ташкилоту муассисаҳо ба сокинон кумаки амалӣ расониданд.