БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУДРО АЗ ЗЕРИ СОЯИ ДАССИСАБОЗОНИ ҲНИ ДУР БИГИРЕД!

ВОКУНИШ.Чанде пештар дар шабакаҳои  иҷтимоӣ  собиқ  роҳбари  ҲНИ, ки худ дар хориҷи кишвар қарор  дорад, ба  кулли  ҳаммаслакон ва фиребхӯрдагони ваъдаҳояш доир ба вазъи нақшаҳои нави андешидани ҲНИ бо муроҷиат суханронӣ намуд. Илова бар ин ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ баёнияву муроҷиатҳоро аз номи Ҳ.Н.И Тоҷикистон ба кулли давлатҳои исломӣ ва он хоҷагони худ, ки ба ӯ ва дигар ҳаммаслаконаш паноҳгоҳ додааст, нашр намуд.

Ҳар шахси солимақли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ҳисси худшиносӣ ва худогоҳӣ дорад, баъди шунидану хондани чунин баёнияву муроҷиатҳои бемавриду бемаънӣ ва беасос худро дар канор гирифта наметавонад. Чунки онҳо дар баёнияи шабакаҳои иҷтимоии худ натанҳо шахсони сиёсатмадор, ваколатдорони мақомотҳои давлатӣ, балки ин дафъа давлати Тоҷикистонро, ки имрӯзҳо дар арсаи ҷаҳонӣ нуфузи хоса пайдо кардааст, боз мехоҳанд ба гирдоби нобасомониҳо, ҷудо намудани қавму миллатҳо ва боз ҳамон даврони беқадрии инсонро роҳандозӣ намоянд. Назаре ба таърих меандозем: аввалҳои солҳои 1991-1992 Тоҷикистон-давлате буд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ 10-15 кишвар ҳамчун давлат ба расмият не, балки барои табдил додани ҳудуди  он ба майдони набарду санҷишҳо ва “биржаи ҷангҷӯён” табдил ёфта буд. Ана, дар ҳамин солҳо, ки дар Тоҷикистон ба инсон ва шаҳрванд қадру қимат намонда буд, қонунҳо бо ҳукми худ амалӣ намешуд, ҳамин нафарони баёниянависон соҳиби тахту салоҳиятҳои худ буданд. Ҳар касе, ки ба майли дили онҳо набуд, аз байн бардошта шуданд. Мардуми тоҷик ва кулли тоҷикистониён ҳеҷ гоҳ он суханронӣ, “раҳмдилиҳо”, “кумак”, ваъдаҳо ва роҳнишондиҳии “озоди”-и шумоён, ки натиҷаи онҳо дар дили садҳо ҳазор оила то имрӯз доғ мондааст,  фаромӯш намекунад. Нобоварӣ дар худ, нобоварӣ ба тарафдорони худ, нобоварӣ ба ояндаи худ, нобоварӣ ба имони худ шумоёнро аз марзу буми давлат берун кардааст. Шумоён на бояд аз касе ва чизе гиламанд бошед, ҳар бандае, ки ба даргоҳи офаридгоҳи худ ношукрӣ мекунад, аз даргоҳ “давлат” ронда мешавад. Бас аст  кунун ин талошҳои “худсафедкунӣ”-и чандинсолаи берунмарзӣ, ки дар натиҷа сари чандин пайравони шумоёнро хӯрда, чандин оилаҳо бесарупаноҳ ва чандин тифлакон бепадар монданд,

мардумро бо ин роҳ безобита намуда, бори дигар ин озодиву оромии мардумро халалдор намуда, мардумро ба зидди давлат ва ба табадулоти давлатӣ даъват менамоед. Мехоҳед боз ашки модари тоҷик ва гиряи тифлакони бепадари тоҷикро бубинед. Ҳар касе ба хории миллату давлат дорад, худ  хору залил ва беватану бенишон мешавад.

Тоҷикистон давлате мебошад, ки руҷуъ ба пешравӣ, ободкорӣ, созандагӣ бунёдсозӣ буда, мардумаш сарбаланд, сатҳи ҷомеаи шаҳрвандиаш инкишофёфта буда, дар ҷаҳон ба ҳисоби даҳгонаи амнтарини давлатҳо ҳисобида мешавад.  

М.Файзов, директори МТМУ  №57-и ноҳияи Хуросон 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg