БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ – КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТАИ ШАҲРВАНДОН

АНДЕША. Воқеан ҳам Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ гардида, мардуми сарбаланду тамаддунофари кишвар, бо саодатмандию сарфарозӣ, ифтихор аз диёри маҳбуб ва бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаю одилонаи Пешвои муаззами миллат, фазои орому осоиштаи кишвар, ҳамасола 6-уми ноябр ин ҷашнро бо фараҳмандӣ истиқбол менамоянд. Солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар санаҳои тақдирсози халқу миллат воқеан ҳам мавқеи хосаи сиёсӣ ва иҷтимоию маънавиро дорост.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаи қавии мардуми кишвар тариқи раъйпурсии умумихалқӣ интихоб гардида, ин санади муҳими сиёсӣ моҳияти ватансозию давлатдорӣ дошта, тамоми манфиатҳои миллату давлатро эътироф ва ҳифз менамояд.

Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азим роҳнамоӣ кард. Воқеан, Конститутсия шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъйинкунандаи сарнавишти ҳар халқу миллат мебошад.

Зеро, ба гуфтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Танҳо ҳамон миллате дар байни оламиён соҳиби обрӯ мегардад, ки Конститутсия ва қонунҳои худро эҳтиром ва риоя мекунад, танҳо ҳамон давлате нуфуз пайдо менамояд, ки шаҳрвандонаш волоияти қонунро ба ҷо меоранд ».

Конститутсия роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат. Чун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз мекунад ва мебарад сӯйи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол. Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 27 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.

Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки имрӯз дар фазои сулҳу осоиш, тинҷию амонӣ умр ба сар мебарем ва дар рушду нумӯи кишвари азизамон, эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ саҳм мегузорем. Чунин кафолатро ба мо Конститутсия - кафили зиндагии осоиштаи шаҳрвандон додааст.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg