БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА”-РО МАҲКУМ МЕСОЗЕМ!

АНДЕША. Хушунат дар оила як амали зишт ва харобиовар ба ҳисоб рафта, вақте, ки мард ва ё зан аз сӯй ҳамсари худ  беэҳтиромӣ, саркашӣ ва ё ҳар амали номақбули дигареро мушоҳида мекунад, набояд дар аввалин  маротиба  бо  ӯ  бархӯрди шадид намуда, зиндагии хешро пароканда созад, балки  мард бояд ба таври ором ва бо камоли эҳтиром ба зан фаҳмонад, ки ин амали  ӯ дуруст нест ва барояш хушоянд намебошад.

Дар хонадоне, ки хушунат ва зӯроварӣ “қоидаи зиндагӣ” қабул гаштааст, кӯдакон бештар зарар мебинанд, зеро аз як тараф шоҳиди зарбу лати модар ва аз тарафи дигар боиси носолим инкишоф ёфтан мегарданд. Фарзанде, ки дар чунин муҳит ба воя мерасад, аввалан маъюб ва рӯҳафтода гашта, дар оянда як шахси беҷуръат ва тарсӯ мегардад. Имрӯз дар ҷомеаи мо чунин қабул шудааст, ки задани кӯдак як шакли тарбия аст. Бояд дар хотир дошт, ки аз ҳама гуна ҷазои ҷисмонӣ  ҳамчун  воситаи одобомӯзии кӯдакон дурӣ ҷӯст,  падару модари кӯдак, муаллим ё корманд ҳеҷ гоҳ набояд аз ин гуна амали номатлуб истифода намояд.

Зӯроварии  хонаводагӣ ба маънии томаш падидаи печида, ки зулми ҷисмонӣ, таҷовузи ҷинсӣ, озори каломӣ, зулми равонӣ, маҳрумияти отифӣ, беэътиноӣ ба эҳтиёҷотимоддӣ ва маънавии занон ва кӯдакон, ногузории кӯдакон бидуни диққат ба шахсе, ки бояд онҳоро нигоҳбун намояд, ё супоридани онҳо ба шахсе ё муассисаҳои  ҳифзи ичтимоӣ сурат гирад.Сустӣ дар муқобилиятӣ бо хушунати оилавӣ ва иҷтимоӣ  алайҳи  кӯдакон ва бепарвоӣ нисбат ба уҳдадорӣ оид ба муҳофизати онҳо ба чунин хушунат метавонад боиси оқибатҳои нохуш гардад.

Сабаби асосии зуҳуроти зӯроварӣ дар оила дар психллогияи муносибати байниҳамдигарӣ зӯровар (шахсест, ки  новобаста  аз ҷинси худ дар оила зӯровариро содир мекунад) ва ҷабрдида шахсест, ки новобаста аз ҷинси худ аз зӯроварӣ дар оила ҷабр мебинад.  Мақсади зӯровар  танбеҳ додани ҷабрдидаи худ, нигоҳ  доштани он дар зери назорати доимӣ, маҷбур намудан барои кашидан аз фикри манфиати шахсии худ, бар хилофи иродаи худ амал кардан, паст задан, аз атрофиён ҷудо кардан ва ё содир кардани амалҳои дигаре, ки ба масуният ва озодии шахсият халал мерасонад.

Дар мавриди масъулиятпазирӣ ва анҷоми масъулият, зан бо мард баробар аст ва аз  дидгоҳи Ислом зан метавонад, ки бевосита хариду фурӯш кунад, ба моликият  ва анҷоми  дигар муомилот ҳақ  дошта, дар сарнавишти иҷтимоии худ фаъолият намояд, ки ин низ яке аз нишонаҳои бузурдошти зан дар Ислом аст.

Дигар нишонаҳои бузургдошти мақоми зан ин аст, ки дини мубини Ислом занонро ба омӯзиши илму дониш ташвиқу тарғиб намудааст. Аз Абӯсаиди Худро ривоят аст, ки занон ба Паёмбар (с) гуфтанд: “Мардон аз мо бештар аз суҳбати  мубораки Шумо истифода мекунад, як рӯзро барои мо муайян кунед, ки дар он рӯз ба мо илм омӯзонед”.

Тибқи моддаи 15 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда, инчунин додани машварат доир ба масъалаҳои тиббиву генетикӣ ва масъалаҳои солимгардонии оила аз ҷониби муассисаҳои  давлатӣ нигаҳдори тандурустии маҳали истиқоматии онҳо ба таври ройгон ва танҳо бо ризоияти шахсони никоҳшаванда анҷом дода мешавад.  Вале имрӯзҳо дар баъзе никоҳшавандагон мушоҳида мегардад, аз ин ҳуқуқи муқарарнамудаи қонун истифода намекунанд. 

Аз ин рӯ, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, адлия, кумитаҳои кор бо занон ва оила, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо вазифадор карда шудаанд, ки масъалаи муоинаи ҳатмии пешакии тиббии издивоҷкунандагон ва пешгирӣ намудани никоҳи байни хешовандони наздикро якҷо бо мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаматарафа омӯхта, сипас иҷозати барпо намудани оиларо иҷозат диҳанд.

Ғафорова Н.,  мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg