БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУСИЯ ҚОНУНИ АСОСИИ ҲАР ЯК ДАВЛАТИ МУСТАҚИЛ АСТ

АНДЕША. Имрӯзҳо тамоми мардуми сарбаланди тоҷик дар фазои истиқлолияти комили кишвар аз 27 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегиранд.

Бо қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишвар қадами устувор дар роҳи давлатсозиву миллатсозӣ гузошт.

Дар ҳақиқат қонуни асосии ҳар як давлат Конститутсия буда, дар асоси он хусусиятҳои давлат ва муносибатҳои тарафайну сохторҳои гуногуни қудратӣ муайян карда мешаванд.

Конститутсия яке аз дастовардҳои муҳимтарини давраи истиқлолият мебошад ва бо шарофати татбиқи пайгиронаи он ҷомеаи мо дар оғози марҳилаи сифатан тозаи таърихӣ устуворона қадам мегузорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлолияти комил, инчунин Конститутсияи худро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ дар таърихи 6-ноябри соли 1994 қабул намуда, онро бо мурури замон такмил дода, 3  маротибаи дигар ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Миллати тоҷик ин санади ҳуқуқиро асоси сулҳу субот, тинҷиву оромӣ, пешравии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, барқарории адолати иҷтимоӣ, инчунин осоиштагии мардуми тоҷик дониста, нисбати ин бахтномаи миллат эҳтироми бузург доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш чунин таъкид карданд: “Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла, ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқат, ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд”.

Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз ва танзимкунандаи ҳамагуна муносибатҳои шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, барои озодии инсон ва зиндагии осудаи ҳар як шаҳрванд, шароит муҳайё менамояд.

Дар робита ба ин гуфтан ба маврид аст, ки конститутсия, ки дар худ орзуву ормони халқи моро баҳри бунёди ҷомеаи адолатпарвар инъикос намудааст, барои устувории соҳибихтиёрӣ, бунёди давлативу ҳуқуқбунёд, суботи сиёсӣ, таҳкими ғояҳои инсондӯстона дар тафаккури ҷомеа ва шинохти Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ нақши созгору таърихӣ дорад.

Аз ин рӯ, таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди муҳимми таърихӣ ба ҳисоб рафта, имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот пойдор гардад.

Воқеан, Конститутсия муаррифгари давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ буда, ҳуҷҷати сарнавиштсоз ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ муайян ва муқаррар менамояд.

Имрӯзҳо тамоми мардуми кишвар медонанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯйхати панҷгонаи беҳтарин Конститутсияҳои дунё ҷой дорад, ки ин инфтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки нисбати ин шиносномаи миллат эҳтироми хоса зоҳир намоем.

Мунавараи Бозоралӣ, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg