БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ: БЕҲТАР НАМУДАНИ ҲОЛАТИ МЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲОИ КИШОВАРЗӢ

ДӮСТӢ. Бо ташаббус ва дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи "Шаҳдрез"-и ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл Суфиев Талбон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ, ҳамзамон корманди масъули Кумитаи иҷроия Ҷалолов Абӯбакр дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” зиёда 1100 метр заҳкаши поёноби қитъаҳои заминҳои Президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ тариқи техникаи эскватор канда тоза карда шуд. Аксияи ҳизбӣ аз ҷониби аъзову ҷонибдорони ҲХДТ хуб пазируфта шуда, ба ташкилкунандагони ҷорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg