БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ САНАДИ ТАҚДИРСОЗ АСТ

ДӮСТӢ. Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур раиси Кумитаи иҷроия  дар ноҳия,  раиси Шӯрои собиқадорони ҳизби ноҳия, мудири бахши САҲШ, мудири бахши дин, танзими анъа ва ҷашну маросимҳои ноҳия, кормандони фаъолон ва раисони кумитаҳои маҳалла иштирок намуданд.

Чорабинии мазкурро раиси Кумитаи иҷроия Қурбонов Абдулҳафиз ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, вобаста ба қабули ин санади муҳими тақдирсоз ва нақши Конститутсия дар низоми сиёсии мамлакат суханронӣ кард.

Сипас, мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Дӯстӣ Холиқзода Гулсифат баромад карда,  иброз дошт, ки дар моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  қайд гардидааст, ки "Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад", инчунин дар ҳамин моддаи Конститутсия омадааст, ки "Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд".

Дар навбати худ, раиси Шӯрои собиқадорони ҳизби ноҳия Сафарзода М, суханронӣ карда, мақому манзалати Конститутсияро дар ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ба иштирокдорон фаҳмонида, онҳоро бо Рӯзи Конститутсия муборакбод гуфт.

Дар идомаи маҷлис иштирокдорон низ вобаста ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳои худро баён доштанд ва

як қатор фаъолон бо ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроия  қадршиносӣ шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg