БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРИИ БЕМОРӢ БЕҲТАР АЗ ТАБОБАТИ ОН АСТ

ДӮСТӢ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, хусусан бемории Ковид-19 ва зуком дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Беморхонаи марказӣ" вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Зоиров С, сартабиби ноҳия Маллазода С ва дигар табибону кормандони соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд.

Барои  пешгирии бемории сироятии Ковид-19 ва дигар касалиҳои сироятӣ, сартабиби ноҳия баромад карда, қайд намуд, ки табибони мо ғайр аз он, ки беморонро дар беморхона қабул менамоянд, инчунин корро бо усули “хона ба хона” ба роҳ монда, аҳолиро бо тарзу усули пешгирии касалиҳои сироятӣ огоҳ менамоянд.

Дар анҷом Зоиров С суханронӣ карда, аз табибон даъват б амал овард, ки бо беморон муомилаи хуб дошта бошад, сатҳи хизматрасониро беҳтар намуда, миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро бештар ба роҳ монанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg