БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

АНДЕША.  Конститутсия  санадест, ки шароити мушаххаси ҷомеаро дар мадди назар мегирад ва дар асоси он таҳия  мешавад ва наметавонад хориҷ аз  муҳити мавҷуда амал намояд.

6 -ноябри  соли 1994, ки Кониститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсии  умумихалқӣ қабул гардид, ки ин  дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои зарин сабт  шудааст. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз  замоне қабул гардид, ки  Тоҷикистон  дар шароити басо мураккаби сиёсӣ-  иқтисодӣ қарор дошт.

Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофу  сабти аслӣ соҳибихтиёрии мардуми Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Дар асоси ин ҳидояти Кониститутсия тамоми шаҳрвандони кишвар дар умури сиёсӣ бидуни ҳеҷ гуна монеа метавонанд, ширкат варзанд ва озодона  изҳори ақида намоянд.

Конистутсияи Тоҷикистон таъмини манифиатҳои тамоми халқияту миллатҳо, ривоҷи маданият, забон ва ҳифзи оину суннатҳои онҳоро кафолат медиҳад.

Ҷиҳати таҳияи лоиҳаи нави Кониститутсия ду комиссия, яке моҳи августи  соли 1990 ва дувум моҳи феврали соли 1992 таъсис ёфт. Лоиҳаи  Кониститутсия моҳи апрели соли 1992 барои муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод  шуд. Баъдан моҳи июни соли 1993 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳайати комиссияро  баъди таҳияи Лоиҳаи Конститутсияи  типи нав бо роҳбарии Раис,  комиссияи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  тасдиқ намуд. Дар ҳайати комиссия 65  нафар  ходими давлатӣ,  сиёсии ҳамаи  минтақаҳои мамлакат,  ходимони ҳизбӣ, ақалиятҳои миллӣ шомил  буданд. Ва ниҳоят 6 - ноябри соли 1994  бо роҳи  раъйпурсии умумихалқӣ Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда  шуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10  боб ва 100 модда  иборат буда, аз тарафи коршиносони бурунмарзӣ дар радифи  10  Конститутсияи беҳтарини дунё пазируфта шудааст.

Қабули Конститутсия саҳифаи нави таърихӣ,  сиёсиву Тоҷикистонро боз намуд ва низоми миллии давлатдориро поягузорӣ кард. Конститутсия аз андешаҳои адлу адолат, озодию истиқлол, баробарҳуқуқии тамоми  афроди башар сарчашма мегирад. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳрии Тоҷикистон ба таври умумӣ,  баробар, мустақим ва ба овоздиҳии пинҳонӣ сурат  мегирад, ки ҳамаи  ин аслу усул бунёди низоми демократӣ нтихобот ва ҷомеаи демократиро  ташкил медиҳад.

Конститутсия,  ки аз ҷониби мардум пазируфта шуд,  рӯи арзишҳои  башарӣ такя намуда, ба монанди  Констистутсияи  кишварҳои мутамаддини  ҷаҳон дорои як силсила хусусиятҳою вижаҳои мушаххас  мебошад.

Сокинони мамлакат дар интихобот  ва раъйпурсии умумихалқӣ оид ба  қабули Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолони  ширкат варзиданд, зеро ҳама ташнаи сулҳу оромӣ ва ҳаёти созанда буданду дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз  ояндаашонро медиданд ва бо ин  амалашон дар он шароити сахту  сангин  ва душвор шуури  баланди сиёсӣ нишон доданд.

Конститутсия воқеан ҳам санади муҳиме гардид,  ки мардум нерӯҳои  сиёсӣ ва ҷамъиятиро ҷамъ овард ва  заминаи мустаҳкам барои сулҳи  пойдор ва тараққиёту пешрафти  кишвар гузошт.

Мардуми сарбаланди кишвар ва  сокинони шарафманди тамоми манотиқи ҷумҳурӣ дар лаҳазаҳои  сарнавиштсоз дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  муттаҳид шуда, дар роҳи  созандагӣи  неруи ягона буданашонро собит сохтанд.

Воҳид Дилафрӯз Сафарӣ,  муовини раиси Кумитаи иҷрои ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg