БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ - САРЧАШМАИ БАХТУ САОДАТ

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва таҷлили бошукӯҳи 27-умин солгарди ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри Фарҳанги ноҳия конференсияи вилоятӣ таҳти унвони “Конститутсия-сарчашмаи бахту саодат” дар ҳамкорӣ бо МИҲД ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия баргузор гардид.

Дар ин конференсия муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзоев Сафаралӣ оид ба мавзӯи конференсия баромад намуда, қайд кард, ки воқеан, Конститутсия шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъйинкунандаи сарнавишти ҳар халқу миллат мебошад. Зеро, ба гуфтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Танҳо ҳамон миллате дар байни оламиён соҳиби обрӯ мегардад, ки Конститутсия ва қонунҳои худро эҳтиром ва риоя мекунад”.

Бояд қайд намуд, ки дар кори конференсияи мазкур волонтёрон ва кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  низ иштирок намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg